Бахшҳо

Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ахиран тасдиқ кард, муассис ва роҳбари ширкати “Умед-88” боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин ниҳод дар як иттилоияи расмӣ мегӯяд, тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 6 апрели соли 2015, “миёни ҶСК “НБО Роғун” ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Умед-88” ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15 майи соли 2015 ба имзо расонида шудааст”.

Манбаъ меафзояд, бар асоси ин шартнома “ба ҶДММ “Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 171.000.000 сомонӣ ба муҳлати то 31 декабри соли 2015 қарз дода шудааст. Директори ҶДММ “Умед-88” Ибрагимов Идибег Ҷаборович тибқи маслиҳати пешакӣ бо муассиси воқеии ҳамин ҷамъият Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович ва дигар шахсони масъул амал намуда, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне баҳри ба манфиати ҶДММ "Умед-88" ба даст овардани фоидаи муфт, қарзи мақсадноки давлатиро ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ гирифта, аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пўшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ "Амонатбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" маблағи 74294004,1 сомониро тасарруф намудаанд”.

Ба иттилои агентӣ, тафтишот ҳамчунин муайян намуда, ки масъулини ширкати “Умед 88” аз дигар бонкҳои ҷумҳурӣ низ қарзҳои ҳангуфт гирифтаанд. Маслан, қарзи ин ширкат аз “Амонатбонк” 26 миллион сомонӣ ва аз “Агроинвестбонк” 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад: “Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович, Ибрагимов Идибек Ҷаборович ва дигарон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 264 қисми 2 ва 295 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад”.

14 октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо соҳибкорон гуфт, роҳбарияти ширкати “Умед 88” 170 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлатро, ки пули халқ мебошад, бо ҳар роҳу восита ба ивази 18 фоизӣ гирифта, барнагардондааст: “Соли сеюм-чорум аст бар намегардонад. На фоиз, на маблағи буҷаи давлат. Буҷаи давлат буҷаи халқ аст. Андозсупоранда ин халқ аст мардуми Тоҷикистон аст”.

Ширкати “Умед-88” соли 1996 таъсис шуда, аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид мекунад.
Мӯҳр
Ҳолдон
дар точикистон фирмахои аз ин хам карздор хастанд, барои чи аз паси ваё намешан?
бизнеси и мардака таги чашм кадагӣ тамом
ин хамаш спектакл барои кашида гифтани бизнес

ali
Ман ба як чи хайронам ки то раиси чумхур нагуфт ин шахс на камбуди дошту на аз андозсупури мегурехту,то ин дам агентии мубориза ба фасод намедонист ин конуншиканихои Умед 88ро?ва интизори фармони шахсии призидентро мунтазир буданд?

сохибкор
пули халк бахона тамоми молу мулкашро кашида мегиранд

Мегуянд, ки ширкати "Барки точик" танхо аз Ориёнбонк 1 миллард сомони карздор аст. Касе чаро аз болои раиси "Барки точик" парванда намекушояд?

мах,масиит
Баъд аз як хафта номи ширкат иваз мешаваду ин нуктахои фуруши ба дасти як одам мерасад ки тамоми нуктахои сузишвориро аз худ карда истодааст

Инсон
Вакте ки аз хад гузарониди ХУДОРО хам хуш намеояд ва ин шахсиятхо ношукри карданд ки ба чунин фалокат гирифтор шуданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)