Бахшҳо
24 окт 2017 09:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!

Як рӯзноманигори тоҷик дар муроҷиатномае унвонии дабири кулли СММ ва раҳбарони кишварҳои қудратманд пешниҳод кардааст, 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунанд.

Холиқназар Ҷумъаев ин муроҷиатномаро ба Антониу Гутерреш (дабири кулли СММ), Доналд Трамп (раисҷумҳури ИМА), Владимир Путин (президенти Русия), Эммануэл Макрон (президенти Фаронса), Ангела Меркел (садри аъзами Олмон), Тереза Мэй (сарвазири Бритониё), Си Ҷинпин (раҳбари Чин), Бинёмин Нетаняҳу (сарвазири Исроил), Ҳасан Руҳонӣ (раисҷумҳури Эрон), Салмон ибн Абдул-Азиз Ал Сауд (шоҳи Арабистони Саудӣ) ва сарони ҳамаи кишварҳое, ки ба истеҳсол ва фурӯши яроқу аслиҳа машғуланд, пешниҳод кардааст. Ӯ таъкид мекунад, “тиҷорати яроқу аслиҳа алъон ба яке аз навъҳои бузургтарини тиҷорати ҷаҳонӣ табдил ёфта, бояд эътироф кард, ки бо номи “тиҷорати тухми марг” шинохта шудааст. Албатта ин беҳуда нест, зеро тиҷорати яроқу аслиҳа, тиҷорати тухми марг аст. Тухми марги инсоният. Ҳар давлате, ки яроқу аслиҳа мефурӯшад, ӯ тухми маргро барои ҷаҳониён ба фурӯш мегузорад”.

МАТНИ КОМИЛИ МУРОҶИАТНОМАИ ХОЛИҚНАЗАР ҶУМЪАЕВ

Биёед, соли 2018 – ро соли беяроқӣ эълон кунем!

Мӯҳтарам ҷанобон!
Ҳанӯз аз даврони қадим аҷдодони мо аз дасти яроқу аслиҳа ба дод омада, "Илоҳо бишканад дасти камонсоз, ки аз дасти камон бехонумонам"-гӯён, яроқсозу яроқфурӯшро маҳкум мекарданд ва ба ҳарду як хел ҷазо талаб мекарданд. Зеро маҳз ҳамин камон, ки феълан бо ҳазорҳо ном вуҷуд дораду дар ҷаҳон тухми марг мекорад, дар ҳама давру замон боиси ҳама гуна бадбахтиҳои мардуми сайёра, омили ҷангу хунрезиҳо, қатлу куштор ва дарбадарию оворагӣ гардида, имрӯз низ миллионҳо нафар аз дасти он "бехонумонанд". Шояд агар яроқу аслиҳа вуҷуд намедошт, ин қадар қатлу хунрезӣ ва ҷангу ҷидолҳо ҷаҳонро фаро намегирифт. Алъон дар курраи замин минтақаеро номбар кардан душвор аст, ки дар он низоъе вуҷуд надошта бошад ва рӯзе нест, ки васоити ахбори омма аз қатлу куштор ва ҷангу хунрезӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон гузориш пахш накунанд. Ба назар чунин мерасад, ки новобаста ба глобалишавӣ ва ба якдигар наздикшавии миллатҳои ҷаҳон, ҷангҳо ба ҷои камшавӣ то рафт афзоиш меёбанд ва давлатҳои гуногун бо баҳонаи муҳофизат аз худ, сол ба сол яроқнокшавиро бештар мекунанд.

Чунин яроқнокшавӣ асосан вақте вуҷуд дошт, ки ҷаҳон дуқутба буд ва гурӯҳе аз давлатҳо дар атрофи СССР муттаҳид шуда буданду гурӯҳи дигар дар атрофи Амрико. Гурӯҳе аз давлатҳоро СССР яроқнок мекарду гурӯҳи дигареро Амрико. Инак СССР барҳам хӯрд, вале чунин ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам ҷаҳон ба ду қисм тақсим аст. Гурӯҳе ба Амрико такя дорад ва гурӯҳе ба Россия.

Тиҷорати яроқ- тиҷорати тухми марг аст!
Тиҷорати яроқу аслиҳа алъон ба яке аз навъҳои бузургтарини тиҷорати ҷаҳонӣ табдил ёфта, бояд эътироф кард, ки бо номи «тиҷорати тухми марг» шинохта шудааст. Албатта ин беҳуда нест, зеро тиҷорати яроқу аслиҳа, тиҷорати тухми марг аст. Тухми марги инсоният. Ҳар давлате, ки яроқу аслиҳа мефурӯшад, ӯ тухми маргро барои ҷаҳониён ба фурӯш мегузорад.

Тибқи маълумотҳои расмӣ солона барои истеҳсоли навъҳои гуногуни яроқ дар ҷаҳон $ 1,5 трилион доллар – баробар ба 2,7% маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ сарф мешавад. Ин рақамҳо рақамҳои расмиянд. Ба истиснои ин, бозори ғайрирасмии яроқ низ вуҷуд дорад, ки на камтар аз $ 5-10 млрд. солона даромад дорад.
Ин ду бозор новобаста ба вақти сол, бӯҳрони молиявӣ ва ҳолати сиёсии ҷаҳон ҳамеша гарм аст. Тибқи маълумоти Small Arms Survey ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 8 миллион дона яроқҳои хурду калон истеҳсол мешаванду 12 миллиард дона патронҳо. Аз рӯи омор ба ҳар даҳумин инсони сайёра як дона пистолет рост меояд ва ба ҳар як нафар ду дона тир. Яъне тире, ки имрӯз дар рӯи замин шумо – истеҳсолкунандагони яроқу аслиҳа истеҳсол кардаед, барои ду маротиба куштани як инсон басанда аст.

Аз рӯи маълумоти Small Arms Survey, ҳар сол дар ҷаҳон то 500.000 инсон кушта мешаванд. Ҷамъи буҷаи ҳарбии ҳамаи давлатҳо тибқи иттилои ташкилоти шведии SIPRI, ки мушкилоти истеҳсол ва фурӯши яроқро пайгирӣ мекунад, зиёда аз 900 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бузургтарин истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони яроқ дар кишварҳои пешрафта ИМА, Россия, Фаронса, Олмон, Англия ва Хитой ба ҳисоб мераванд. Дар соли 2015 Россия ба маблағи $14,5 млрд, яроқ фурӯхт, ки ҳамёни фармоиши яроқ дар ин кишвар 50 млрд долларро ташкил дода буд. Дар соли 2016 бошад, содироти яроқ дар Россия ба зиёда аз 15 миллиард расид. Агар нишондиҳандаҳои муқоисакунадаро нигарем дар ин давра ИМА аз Руссия 2,5 маротиба пеш гузашт. Тибқи маълумоти ATF ва CRS, ки ҳисоби солонаи ҳамаи яроқи истеҳсолшуда ва инчунин содироту воридоти яроқи ИМА-ро пеш мебаранд, дар айни замон дар ИМА 357 млн. дона яроқи оташфишон вуҷуд дорад, ки 40 миллион бештар аз аҳолии худи ин кишвар мебошад.

Да соли 2016 ИМА бо маблағи 34 миллиард доллар яроқҳои гуногун ва техникаи ҳарбӣ содирот кард. Департаменти давлатии ИМА дар соли 2017 барои ба хориҷ содирот намудани яроқ ба маблағи рекордии 79,5 миллиард доллар иҷозат дод, ки дар таърихи Амрико ин бори нахуст аст. Фаронса соли 2015 ба маблағи €16 млрд яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ содирот кард, ки ду баробари соли 2014 аст. Аз рӯи гузориши Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти масъалаҳои сулҳи Стокголм (SIPRI), дар солҳои 2011–2015 дар содироти ҷаҳонии Яроқу аслиҳа саҳми ИМА 33%, Россия 25%, Хитой 6%, Фаронса (5,6%), Германия (4,7%) ва Великобритания 4,5% -ро ташкил додааст. Рақамҳои боло далолат ба он мекунанд, ки маҳз зиёд шудани истеҳсол ва содироти яроқу аслиҳа шумораи низоъҳо ва қатлу кушторҳоро дар ҷаҳон бештар кардааст.

Зиёда аз 40 минтақаи ҷангзадаи ҷаҳон
TUT.BY. (https://news.tut.by/world/561044.html ) хабар медиҳад, ки феълан дар курраи замин зиёда аз 40 нуқтаҳои гарм вуҷуд доранд, ки пайваста дар онҳо низоъҳои гуногун сурат мегиранд ва ҳазорҳо ҳазор нафар кушта мешаванду миллионҳо нафар гуреза. Тибқи гузориши ин сомона шумораи кушташудагон дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Сурия: аз моҳи марти соли 2011 то августи соли 2017 аз 330 000 до 500 000 нафар; Ироқ : аз моҳи марти соли 2003 то июли соли 2017 — аз 180 000 то зиёда аз 1 миллион нафар; Ливия: аз феврали 2011 то августи 2017 — аз 15 000 то 30 000 нафар; Йемен: аз феврали соли 2011 то сентябри соли 2017 — зиёда аз 10 ҳазор нафар; Донбасс аз апрели соли 2014 то августи соли 2017 зиёда аз 10 ҳазор нафар, муноқишаи Туркияву курдҳо, ки ҳамеша дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд, аз июли соли 2015 то августи соли 2017 — зиёда аз 3000 нафар; Афғонистон: аз соли 2001 то августи соли 2017 — зиёда аз 150 000 нафар; Муноқишаи Ҳинду Покистон дар Кашмир дар чанд соли охир 50 ҳазор нафар; Таиланди ҷанубӣ дар 13 соли муноқиша 6000 нафар; Судан: Аз рӯи баъзе нишондодҳо дар натиҷаи муноқишаи Дарфурск аз 200 то 400 ҳазор нафарро ташкил кардаанд. То ҳол дар Ҷумҳурии демократии Конго, Малӣ, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Нигерия, Сомалӣ, Филиппин, Маянма ва даҳҳо кишварҳои дигар ҷангу хунрезӣ идома доранд
Тибқи маълумоти СММ: Дар соли 2016 шумораи гурезагон ба 65,6 млн. нафар расида, дар соли 2017 зиёда аз 2 млн нафар гуреза шуда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паноҳгоҳ ёфтаанд, ки аксари онҳо бемору маҷрӯҳ мебошанд.(Reuters).

Дар муқобили кӣ яроқнок мешавем?
Новобаста ба он ки миёни давлатҳои ҷаҳон дигар даъвоҳои ҳудудӣ кам мондаву ҷангҳо барои ишғоли ҳудудҳои нав ангуштшумор шудааст, яроқнокшавии давлатҳои бузург то рафт афзоиш меёбад. Аз ҳисоботи Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти масъалаҳои сулҳи Стокголм (SIPRI) (https://texnomaniya.ru/voennie-rashodi-v-mire-virosli-do-17…) бармеояд,ки танҳо дар давраи солҳои 2002 то 2010 хароҷоти ҳарбии кишварҳои ҷаҳон аз $ 770 млрд то $ 1,5 трлн, афзоиш ёфта бошад, дар соли 2015 хароҷоти ҳарбии кишварҳои ҷаҳон ба 1,7 триллиона доллар расидаст. Ин башариятро ба ташвиш овардааст ва коршиносон савол мегузоранд, ки ин ҳама яроқнокшавӣ барои чӣ ва дар муқобили ки сурат мегирад?

Танҳо дар соли 2017 буҷаи мудофиавии ИМА 622 миллиард доллар, Хитой – 145 миллиард доллар, Арабистони Саудӣ – 81 миллиард доллар, Великобритания – 60 миллиард доллар, Ҳиндустон — 51 миллиард доллар ва Россия 48,5 миллиард долларро ташкил дод. Аз рӯи хароҷоти ҳарбӣ ҳеҷ кишваре ба ИМА намерасад. Хароҷотҳои Давлатҳои дигари НАТО – ро дар якҷоягӣ ВАО $ 1 трлн. дар як сол баҳо медиҳад. Пешниҳод: – Соли 2018 Соли мараторияи истеҳсол, озмоиш ва фурӯши яроқу аслиҳа дар ҷаҳон эълон шавад!

Мӯхтарам ҷанобон, яроқистеҳсолкунадагон ва яроқфурӯшон!
Мӯҳтарам сарварони кишварҳои бузурги истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи яроқу аслиҳа!
Бояд дарк намоед, ки дар ҳама кишварҳои ҷангзада ҳама гурӯҳҳои ҷангӣ маҳз бо яроқу аслиҳаи истеҳсолкардаи Шумо меҷанганд, Ҳама террору ваҳшоният ва қатлу кушоторро маҳз бо яроқҳои истеҳсолкарда ва фурӯхтаи Шумо анҷом медиҳанд. Хоҳ «Алқоида» бошад ва хоҳ гурӯҳи террористии «Давлати ба ном исломӣ» (ДОИШ) ҷаҳонро бо яроқу аслиҳаи истеҳсолкардаи Шумо ба ваҳшоният расонидаанд. Ҳатто мухолифину тарафдорони ҳар ҳокимият низ дар ин ё он давлат бо яроқҳои шумо муқобили ҳам меҷанганд ва шаҳрвандон якдигарро ба қатл мерасонанд! Тибқи ҳисоботи СММ танҳо дар як соли 2016 зиёда аз 8 ҳазор кӯдак дар муноқишаҳои гуногуни ҷаҳон куштаву ярадор шудаанд, ки ҳама аз тиру туфанги мефурӯхтаи Шумо аст.

Ин ҳама ҷангу куштор вақте хотима хоҳад ёфт, ки агар Шумо ба истеҳсол, хариду фурӯш ва озмоиши яроқу аслиҳа хотима диҳед. Бовар кунед, агар Шумо ба истеҳсоли яроқ хотима диҳед, ҷанг низ хотима хоҳад ёфт. Зеро бо қатъи истеҳсоли яроқ, шумо тухми маргро аз байн мебаред. Тухме, ки феълан Шумо ба хотири даромад ва пиёда кардани ҳадафҳои худ дар рӯи ҷаҳон корида истодаед. Ҳадаф аз муроҷиати мазкур, гунаҳкор намудани ҳеҷ яке аз Шумо ва ҳеҷ давлате нест, ки бо истеҳсол ва фурӯши яроқу аслиҳа, дар қатли мардуми сайёра даст дорад, баръакс ҳадафи аслӣ гирифтани пеши роҳи ҷангу хунрезӣ ва қатли мардуми бегуноҳ дар ҳама кишварҳо аст.

Ба фикри ман, барои он ки яроқнокшавӣ камтар шуда, дар кураи замин бештар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯшиш карда шавад, бояд нахуст ба истеҳсол ва тиҷорати яроқ хотима бахшид. Бинобар ин ба сарони кулли давлатҳои ҷаҳон муроҷиат карда, аз Шумо хоҳиш мекунам:
Биёед, Соли 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем ва дар ин сол дар тамоми ҷаҳон, истеҳсол, ҳариду фурӯш ва ҳатто озмоиши яроқро манъ кунем. Вақте як соли беяроқӣ гузашту натиҷаи хуб дод, аз солҳои минбаъда ба ҷои истеҳсоли яроқ, ба нобуд кардани онҳо оғоз намоед. Ана он гоҳ воқеан ҷаҳонро сулҳ фаро хоҳад гирифт ва чи қадар мардум аз қатлу куштор наҷот хоҳанд ёфт, аз қатлу кушторе, ки ба воситаи яроқҳои истеҳсолкардаи Шумо анҷом дода мешавад. Агар воқеан шумо чунин иқдом кунед, миллионҳо мардумро аз бадбахтиву миллионҳои дигарро аз қурбон шудан наҷот медиҳед.

Биёед дар Шӯрои амнияти СММ қатъномае қабул карда, муттаҳидона коре кунем, ки дар давоми ин як сол ба истеҳсол, хариду фурӯш ва озмоиши ҳама гуна яроқ дар тамоми ҷаҳон хотима дода шавад. Шӯрои амнияти СММ-ро зарур аст, ки дар ин қатънома, ки бо ҳузури ҳамаи давлатҳои ҷаҳон қабул мешавад, чунин бандҳо ворид намояд:
1. Аз якуми январ то 31 декабри соли 2018 истеҳсол ва хариду фурӯши ҳама гуна яроқу аслиҳа дар тамоми ҷаҳон қатъ карда шавад;
2. Ба озмоиши ҳама гуна яроқҳои сабук ва вазнин дар тамоми кишварҳои ҷаҳон хотима дода шавад;
3. Дахолат ба кори дохилии ҳама гуна давлатҳо қатъ карда шуда, тақдири ҳар давлат ба дасти мардуми ҳамон кишвар супорида шавад;
4. Миллиардҳо долларе, ки ҳар сол дар истеҳсоли яроқ харҷ карда мешавад, ҳамчун кӯмакҳои умумибашарӣ ба мардуми камбизоату беморон ва ё соҳаи тандурустӣ харҷ карда шавад;
5. Давлатҳое,ки ин қатъномаро вайрон мекунанд, муҷозот карда шаванд;

Агар сиёсатмадорони ҷаҳон, ҳама даври ҳам нишаста, ин қатъномаро қабул ва иҷро кунанд, боварӣ ҳаст, ки соли 2018 соли қатъи ҳама ҷангу хунрезиҳо ва соли сулҳ хоҳад шуд. Вақте як соли беяроқиро мо беҷангу куштор ва хунрезиҳо мебинем, дар солҳои минбаъда ҳатман худ ба худ ба истеҳсоли яроқу аслиҳа хотима медиҳем. Ин ҳама албатта пеш аз ҳама ба иродаи сарони кишварҳои бузурге, аз ҷумла ИМА, Россия, Фаронса, Олмон, Бритониё, Хитой, Исроил, Эрон, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигар марбут аст. Агар сарони кишварҳои мазкур Доналд Трамп, Владимир Путин, Эмманюэл Макрон, Ангела Меркел, Тереза Мэй, Си Ҷинпин, Бинёмин Нетаняҳу, Ҳасан Рӯхонӣ ва дигарон ба ин қатънома имзо гузоранд, пас бо боварӣ гуфта метавон, ки ба ҳама гуна ҷанг дар тамоми сайёра хотима дода хоҳад шуд.

Биёед боре манфиатҳои худро ба як сӯ монда, манфиатҳои кулли мардуми сайёраро дар ҷои аввал гузорем ва башариятро аз марг наҷот диҳем. Дар якҷоягӣ мо ҳатман метавонем ҷаҳони орӣ аз яроқро бунёд кунем, ҷаҳонеро ки чӣ будани ҷангро мардуми оянда фақат аз таърихномаҳо хонанд.
Умедворам ин пешниҳод мавриди пазироии Шумо қарор хоҳад гирифт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)