Бахшҳо

АНМН: Беш аз 100 кило маводи мухаддир дар Душанбе забту мусодира шуд

Кормандони агентии назорати маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори ниҳоят калон маводи мухаддирро мусодира карданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, бар асари баргузории амалиёте, ки аз чанд марҳила иборат буд, дар қаламрави шаҳри Душанбе ба гумони қочоқи маводи мухаддир микроавтобусе мавриди тафтиш қарор гирифт. Гуфтанист, нақлиёти мусофиркаш аз ҷониби як сокини 40-солаи Тоҷикистон   идора мешуд.
Бино ба қавли манбаъ, аснои тафтиш бо кӯмаки саги хидматӣ-ҷустуҷӯйӣ  “Нора” 196 бастаи пластилинии пресскардашудаи китобмонанд ва ду бастаи дигари дорои маводи зардранг бо рангу бӯи хос кашф ва мусодира гардид.
Ҳамчунин, дар ҷараёни азназаргузаронии мошин 5 ҳазору 300 доллари ИМА пул низ пайдо гардид. Тибқи хулосаи шӯъбаи ташхиси судии агентӣ 100 кило аз маводҳои мусодирашуда воситаҳои нашъаовари ҳашиш буда, 1 килову 933 грамми онро ҳероин ташкил медод. Ҳар бастаи пластилинӣ бо мӯҳрҳо бо навиштаҳои хати арабӣ маҳкам карда шуда буданд.   
Манбаъ ҳамчунин афзуд, вазни умумии маводи нашъадори мусодирашуда бештар аз 101 кило буд. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон бо мақсади фурӯш) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва нашъаҷаллоб боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. Чораҳои тафтишотии дигари шиносоии шахсони ба ин амал алоқамнд андешида мешаванд. Боздоштшударо ҷазоии ҷиноии аз 12 то 20 сол бо мусодираи молу амволаш интизор аст. Миқдори умумии мухаддироти мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” бештар аз 42 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, аммо дар сурати расидани он ба бозорҳои Федератсияи Русия  ва кишварҳои Аврупо ин арзиш ба маротиб баланд мерафт.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)