Бахшҳо

Дипломатҳои тоҷик дар Эстония омода мешаванд

Ҳамрохон Зарифӣ дар Душанбе бо ҳамтои эстониаш-Урмас Паэт, ки бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад мулоқот кард.


Тибқи иттилои ВКХ, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои миёни ду кишварро баррасӣ карда, ҳамчунин оид ба масоили дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мушкилоти барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон табодули назар намуданд.  Зарифӣ таъкид сохт, ки Тоҷикистон барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо   Эстония дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн манфиатдор аст. Ӯ қайд кард, ки ҳарду кишвар оид ба масъалаҳои зиёди байналхалқӣ мавқеи ягона ва ё ба ҳам монанд доранд. Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳар ду кишвар дар соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф соҳиби зарфияти бузурги истифоданашуда мебошанд, ки онро фаъол гардонидан зарур аст. Дар ин росто, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳодро дар бобати гузаронидани бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе ва ё Таллин дастгирӣ намуд.   
Ҳамзамон, Зарифӣ аз пешниҳоди ҷониби Эстония доир ба баррасии се лоиҳаи созишнома истиқбол намуд, ки дутои он – Созишнома миёни Ҷумҳурии Эстония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истирдоди шахсони маҳкумшуда ва Созишнома миёни Ҷумҳурии Эстония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ – дар ҷараёни расмиёти ҳамоҳангсозӣ дар вазорату идораҳои дахлдори кишвар қарор доранд ва дар мӯҳлати наздиктарин барои имзо омода мегарданд.
Манбаъ афзуд, дар навбати худ, Вазири корҳои хориҷии Эстония У. Паэт, бо изҳори таваҷҷӯҳи зиёд ва омодагии кишвари худ ба таъмиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Эстония ва Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои номбаршуда, пешниҳод намуд, ки рафти татбиқи мақсадҳои ҷонибҳо тезонида шавад. Бахусус дипломати эстонӣ оид ба таъиноти сафири Тоҷикистон дар Эстония, ҳамчунин оид ба таъиноти Консули фахрии Эстония дар Тоҷикистон аз шумули шаҳрвандони Тоҷикистон ибрози назар кард.   
Бино ба иттилоъ, вазири эстонӣ ҳамчунин иброз дошт, ки дипломатони ҷавони Тоҷикистон метавонанд дар курсҳои яксолаи мактаби дипломатии Эстония таҳсил намоянд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки вазорати онҳо аллакай барои дипломати ҷавони тоҷик як бурсия ҷудо кардааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)