Бахшҳо

Райиси вилоят аз бемориҳои сироятӣ изҳорӣ нигаронӣ намуд

Соли 2011-ум барои эмгузаронии чорвои навоҳии минтақаи Кӯлоб 2 милён сомонӣ аз буҷаи ҳукумати марказӣ ҷудо шудааст.


Вафо Салоев, сарбайтори идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб  дар ин бора ба хабарнигорон изҳор дошт.   Ӯ гуфт, бо истифода аз ин иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ, дар навоҳӣ 41.734 сар ҳайвони калони шохдор барои пешгирӣ аз бемории буғумдард, ё худ брутселёз, 44.059 сар аз бемории сил, зиёда аз 268 ҳазор сар молҳои калону майда, хару асп аз бемории сӯҳтанӣ  эмгузаронӣ шудаанд: «Эмгузаронӣ дар ҳама шароит бо таври ройгон амалӣ шуда, чорвои тамоми сокинон аз он гузаронида шудаанд».
Дар ҳамин ҳол, далелҳои аниқу дақиқи овардаи журналистон исбот карданд,  ки эмгузаронии ҳайвонҳои хонагӣ дар ҳама ноҳияҳо, ба хусус дар шаҳри Кӯлоб, сар-сарӣ ба анҷом расонида шудааст.
Зимнан, Ҳаким Каримов, райиси идораи кишоварзӣ низ ба ин андешаҳо розӣ буда, гуфт: «Ғайбуллоҳ Афзалов, райиси вилояти Хатлон  аз бемории сироятии ҳайвонҳо дар минтақа, дар ҷамъбасти солонаи вилоятӣ изҳори  норозигӣ намуда, гуфта буд, ки сирояти бемориҳо аз чорво ба одамон зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, масъулинро водор намуд, то  эмгузаронии чорворо сари вақт ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда, ба анҷом расонанд».
Бино ба иттилои ҷаноби Салоев, соли сипаришуда 2 тан аз сокинони ноҳияи Данғара баъди муомила бо гӯшти ҳайвони бемор, гирифтори маризии сӯхтанӣ гашта будаанд. Ҳамчунин, 2 нафар аз сокинони ноҳияи Шӯрообод  бо тахмини печидагӣ ба ин беморӣ ба касалхона интиқол ёфта буданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)