Бахшҳо

Даргузашти модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Тоҷикобод

Модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, райиси собиқи Ҳизби Демократии Тоҷикистон аз дунё даргузашт.


Тавре Муҳаммадмусо Искандаров, бузургфарзанди Қутбия Тошева ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, модари эшон 82 сол дошт ва тайи чанд соли ахир, пас аз зиндонӣ шудани ҷигарбандаш Маҳмадрӯзӣ ранҷ мебурд. Номбурда гуфт: «Модарам барои охирин маротиба соли 2008 ба дидори фарзандаш расида буд, ҳамеша ба ёди Маҳмадрӯзӣ буду озодиашро дидан мехост, аммо умр вафо накард. Тақдир будааст…».
Ҷанозаи марҳум рӯзи 21-уми январ дар рустои Муллошоҳи ноҳияи Тоҷикобод баргузор шуд.
Ёдрас менамоем, Маҳмадрӯзӣ Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон, идораҳои амниятии Русия  дар моҳи декабри соли 2004 боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъд аз чанд рӯз ӯ дубора ба таври асроромез нопадид шуд ва додситонии кулли Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани ӯ дар Душанбе хабар доданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терорристӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард.

Мӯҳр
Озодагон кишлок ва ё русто бо номи Муллошохи дар нохияи Точикобод нест.... Дар асл кишлоки зиндагони мекардаи мадари Исканароф Мулотемур номдорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)