Минбаъд ин муқаддасоти Ислом дар масҷиди шаҳри Грозний посдорӣ мешавад.
Гуфта мешавад, намунаи мӯйи сари ҳазрати Муҳаммад (с) тариқи тайёра аз кохи Топкапи Истамбули Туркиё ба Чеченистон интиқол шудааст. Беш аз 10 ҳазор ба пешвози ин муқаддастон дар маркази шаҳри Грозний ҷамъ омада, бо фаромадани тайёра ба замин нидои “Аллоҳу акбар”- ро бонг мезаданд. Аввалин шуда муқаддасотро президенти Чеченистон Рамазон Қодиров ва фарзанди ӯ Аҳмад зиёрат кардаанд. Баъдан мӯйи сари паёмбари Ислом ба масҷиди марказии Чеченистон оварда шуда, маросими зиёрати он доир карда шуд, ки беш аз 10 хазор ширкат намуданд.Баъдан ба ин хотир дар ин масҷид намози ҷамоат доир гардидааст.
Пештар муқаддасоти дигар-косае, ки паёмбар аз он истифода бурдааст ва мутаалиқ ба паёмбар буд, ба Чеченистон оварда шуда буд.
Мӯҳр