Бахшҳо

Нуриддин Саидов: Барои донишҷӯён ва муҳассилини ҷалбгардида маблағ пардохт намоед

Масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврўз бо ҳузури ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт, сардори раёсат ва мудирони шўъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз вазорати маориф хабар доданд, зимни маҷлиси мазкур  қайд карда шуд, ки имсол барои таҷлили ҷашн дар пойтахти кишвар ва ширкат дар чорабинии калони идона 6 ҳазор нафар донишҷў ва 4 ҳазор нафар хонандагони макотиби миёнаи шаҳри Душанбе ҷалб карда мешаванд. Оғози машқҳо барои хонандагони мактабҳои шаҳр 6-уми феврал ва барои донишҷўён 14-уми феврал муқаррар гардидааст.
Манбаъ афзуд, Нуриддин Саидов вазири маориф ба ректорон супориш дод, ки ба ин чорабинии муҳим аз ҳоло омодагии ҷиддӣ бинанд ва мутобиқ  ба нақшаи муайянгардида, рўйхати донишҷўёнро бо фармони худ тасдиқ  ва ба вазорати маориф пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, бо назардошти вазъи молиявии муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиён аз ҳисоби суратҳисобҳои махсус бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд карда шаванд. Ғайр аз ин, барои муҳассилини ҷалбгардида нақлиёти алоҳида ҷудо шуда, чиптаҳои бепули автобусу троллейбус низ дода мешавад.
Зимнан, Нуриддин Саидов баҳри тозаву озода, гулкорӣ ва сабзу хуррам намудани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, дар доираи ин ҷашни фархунда дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани чорабиниҳои идона, овехтани лавҳаҳо ва навиштаҷоти наврўзӣ, ташкил намудани бозиву мусобиқаҳои гуногуни миллии варзишӣ, маҳфилу озмунҳо, аз ҷониби устодон инъикос намудани ойину вижагиҳои ҷашни мазкур тавассути радиову телевизион ва нашрияҳои даврӣ, чопи китобҳо бахшида ба Наврўз, намоишу тарғиби либосҳои миллӣ таъкид карда шуд.  
Ёдрас менамоем, рўзҳои 21-24-уми март тантанаҳои ҷашнӣ дар кишвар сурат гирифта, рўзи 25-уми март чорабинии васеъи идона бахшида ба Наврўзи байналмилалӣ бо ширкати меҳмонони зиёди хориҷӣ баргузор мешавад.  

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)