Сарвари Конфедератсияи футболи қораи Осиё (AFC) Чжан Тзилун хостори иҷозаи бо рӯсарӣ ё ҳиҷоб ба майдон баромадани футболбоздухтарони кишварҳои мусулмонӣ шудааст.
Ин тасмим дар пешорӯи Ҷаласаи Шӯрои ассотсиатсияҳои футболи ҷаҳон (IFAB) бардошта шудааст.
Ёдовар мешавем , ФИФА шурӯъ аз соли 2007 бо ҳиҷоб ба майдон баромадани футболбоздухатронро ба хотири бехатарӣ мамнӯъ карда буд, ки сару садоҳои эътирозиро дар соири кишварҳои мусулмонӣ боло кард. Бар асари ин тасмим мунтахаби занонаи кишвари Эрон бо 4 бохти техникӣ бо сабаби накашидани рӯсариҳо ҳангоми бозӣ аз ширкати минбаъда дар бозиҳои Олимпӣ маҳрум шуда буд.
-Мехоҳам аз IFAB тақозо кунам, то пешниҳоди ФИФА-ро баррасӣ кара, дар қавоиди бозии футбол тағйирот ворид созад ва ба бонувон иҷозаи бо ҳиҷоб ба майдон баромаданро фароҳам намояд. Ҳамкоронам дар AFC бо ҳиҷоб ба майдон баромадани занонро пурра ҷонибдоранд,- гуфтааст Чжан Тзилун.
Феълан, дар кишварҳои мусулмонӣ барои футбобоздухтарон ҳиҷобҳои махсус бо часпакҳо таҳия шудаанд, ки бино ба ақидаи сарвари AFC ҳеҷ хатаре дар вақти футбол ба миён нахоҳад овард.
Ёдовар мешавем,ки IFAB ягона ниҳоде ҳаст, ки ҳаққи вуруди тағйиротро дар кавонини бозии футбол доро мебошад.
Мӯҳр