18 ҳазору 990 килограм маҳсулоти қаннодии пастсифат аз давлати Туркия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Ин миқдор маҳсулоти озуқавории истеҳсоли Туркия зимни як санҷиши масъулини агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ошкор гардид. Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, автомашинае, ки ин миқдор маҳсулотро тавассути он меоварданд, дар наздикии сарҳади Эрон ба садама дучор шудааст: « Баъди пурра омӯхтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маълум гардид, ки дар натиҷаи ин садама борпечҳои маҳсулоти вайроншуда ба халтаҳои полипропеленӣ ҷой карда шуд. Маҳсулот ячанд муддат дар анборҳои муваққатие, ки шароити нигоҳдошташон ба талабот ҷавобгӯ набуд, нигоҳ дошта шудаанд. Ширкати истеҳсолкунанда 18.990 кг маҳсулоти қаннодиро бо автомашинаи дигар ба ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад».
Манбаъ иттилоъ дод, ки натиҷаи ташхис нишон додааст, маҳсулоти мазкур аз рӯи вайрон шудани борпеч ва нопуррагии маълумот ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Бино бар ин, дар асоси хулосаи ташхисгоҳ, бо розигии соҳибкори интиқолдиҳанда ва баҳри ҳимояи бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифат несту нобуд карда шуд.
Мӯҳр