Бахшҳо

Душанбе бе оби ошомиданӣ мемонанд… Муваққатан

Аз соати 8:00-и 7-уми феврал то соати 8:00-и 8-уми феврали соли равон дар бархе кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд. Ба иттилои манбаъ қатъи оби ошомиданӣ ба таъмири асосии кӯчаи Дӯстии халқҳо (аз буриши кӯчаи Садриддини Айнӣ то ҳалқаи назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон») бастагӣ дорад. Дар ин мавзеъ корҳои  таъмир, пайваст ва иваз намудани қубурҳои Ш-400 мм ба қубури Ш-600 мм ҷараён мегирад. Зимнан, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, М. Қурбонов ва бинои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2 ва кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А. Адҳамов, Репина, Беҳзод, А. Дониш қатъ мегардад.
Ба иттилои манбаъ Мири шаҳри Душанбе бо як қароре раисони ноҳияҳои Исмоили Сомониву Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро муваззаф кардааст, ки дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Ҳамчунин маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат карор диҳад.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)