Бахшҳо

Ҷойизаҳо аз ФФТ ба ғолибон ва беҳтаринҳо дар арсаи футболи Тоҷикистон тақдим гардиданд

Дар меҳмонхонаи мавсум ба  "Hyatt Regency"-и Душанбе ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2011-ум бо ҷоизаҳои Федератсияи футбол мукофотонида шуданд.


Тавре Фаридун Солиев, пресс-атташеи ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, қабл аз ҳама Рустами Эмомалӣ, райиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ гузориш дод ва футболбозону мураббиён, раҳбарону сарпарастон ва мухлисони дастаҳоро бо пирӯзиашон табрик гуфт. Ӯ гуфт: "Яке аз ин камбудиҳо рафтори дағалонаи ғайриварзишии футболбозон ва роҳбарони алоҳидаи баъзе клубҳо мебошанд. Суханҳои қабеҳ, дашному ҷанҷолу рафторҳои ношоиста он тараф истад, ҳатто занозании гурӯҳии байниҳамдигарии футболбозон ва аз ҷониби роҳбарону футболбозони баъзе дастаҳо лату кӯб кардани доварон низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, таъкид менамоям, ки имсол нисбати тамоми роҳбарону футболбозоне, ки қасдану дағалона низомнома ва қоидаҳои бозии футболро вайрон мекунанд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд."

Манбаъ афзуд, дар маросими мукофотсупорӣ ба дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2011-ум, ҷому ифтихорнома, ба роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста медалҳои тиллои мусобиқоти XX қаҳрамонии футболи кишвар супурда шуд.  Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ҷойи дувум бо ҷому ифтихорнома, роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои нуқраи мусобиқот сарфароз гаштанд. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барои ҷойи севум бо ҷому ифтихорнома ва  роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои биринҷии мусобиқот қадрдонӣ шуданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)