Зимнан, раиси ноҳия оид ба масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ гуфт, ки ин масъала дар рӯзҳои наздик ҳаллу фасл гардида, бобати иваз намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ тамоми санадҳои лозима дар сатҳи ноҳия баррасӣ гардидааст ва агар аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад, ин муаммо низ бартараф хоҳад шуд.
Ҳамчунин, Наим Муқумов роҳбарияти хоҷагии тухмипарварии Қӯчқӯрғон ва шӯъбаи маорифи ноҳияро вазифадор кард, ки варзишгоҳи деҳаро бо воситаҳои зарурӣ дар рӯзҳои наздик таъмин намоянд. Дар охир, бобати масъалаҳои киштукори баҳорӣ, истифодаи оқилонаи замин, суст будани фаъолияти хоҷагӣ дар самти тайёр кардани тухмҳои хушсифат, зиёд намудани кишти картошка, ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии оилаҳои яккаву танҳо, маъюб ва камбизоат сухан рафт.
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |