Бахшҳо

Китобҳои ҲНИТ-ро мусодира намуданд. Кумитаи дин барои ташхис пул мегирад

Кормандони раёсати гумруки минтақаи Кӯлоб 200 нусха китобро, ки аз чумҳурии Эрон барои бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ирсол гардида буд, мусодира карданд.


Маҳмадшариф Набиев, раиси ин ташкилоти сиёсӣ дар минтақа мегӯяд, ин адабиёт ягон иртибот ва ихтилоф ба мазҳаб надоштаанд: «Тавассути шабакаи  интернетӣ, барои китобхонаи бахш дархости китоб кардем. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар чумҳурии Эрон кору фаъолият дорад, ба ин дархости мо таваҷҷӯҳ намуду якчанд китоб бо хати форсӣ ройгон тӯҳфа кард. Дар идораи алоқаи шаҳри Кӯлоб, ки бо хати форсӣ шинос нестанд, ҳангома бардоштаву ба идораи гумрук муроҷиат кардаанд. Дар он чо низ, бо ҳамин иллат, китобҳоро ба кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ  интиқол додаанд».

 

Манбаъ афзуд, ин китобҳо адабиёти машҳуру оламгири «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, «Кимиёи саодати»-и шайх Ғаззолӣ ва ҳамин гуна адабиёту тафсири Қуръони шариф буданд. Оқои Набиев гуфт, барои ташхис ва азназаргузаронии ҳар саҳифаи китоб дар кумитаи дини назди ҲЧТ, тибқи талаботи онҳо  бояд маблағи муайяне пардохт кард: «Масалан, танҳо барои 5 китоб аз мо 200 сомонӣ талаб карданд. Чун маблағ барои ташхиси дигар китобҳоро надоштем, дигар суроғ ҳам накардем».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)