Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВФ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, чорабинии мазкур дар Маскав сурат гирифта, дар он намояндагони зиёда аз 10 давлат Русия, Белорус, Молдова, Абхазия, Тоҷикистон, Осетия, Украина, Ӯзбакистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, Тоҷикистонро дар ин сабқат 4 нафар муаррифӣ карданд: Комрон Содиқов, Манучеҳр Раҳмонов, Темур Гезаитов ва Алишер Хушвақтов.
Зимнан, Комрон Содиқов, донишҷўи Консерваторияи Миллии Тоҷикистон дар бахши «Песни слагаем о Родине» ҷои аввалро ишғол намуд. Донишҷӯи дигари ин донишкада, Раҳмонов Манучеҳр дар бахши «Зов Победи в наших сердтсах» ҷои сеюмро ишғол намуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки иштироки донишҷуёни Консерваторияи Миллии Тоҷикистон дар ин озмун, бо кӯмаки молии директори фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Рустам Холиқов ва раиси ҳукумати шаҳри Турсунзода Давлатшоҳ Гулмаҳмадов сурат гирифт.
Мӯҳр« Март 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |