Хуршед Мирзоев раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб шуд.
Тавре Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, раҳбари нави Федератсияи футболи пойтахти кишвар имрӯз, 24-уми феврал, дар конфронси ҳисоботию интихоботии ин ниҳод баргузида шудааст.
Хуршед Мирзоеви 28-сола, ки дар ин вазифа Мадвалӣ Исоевро иваз кард, аъзои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ноиби президенти тими «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Анвар Мирзоев, собиқ дарвозабони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, муовини ӯ итихоб шуд.
-Мо асосан барои фароҳам овардани шароит баҳри рушди футболи кӯдакону наврасон кӯшиш хоҳем кард,- мегӯяд Хуршед Мирзоев.
Мӯҳр