Бахшҳо

ВКД: Телефони боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба он

Бо мақсади густариши ҳамкории шаҳрвандон бо кормандони милитсия бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар назди ВКД чанде қабл телефони боварӣ таъсис дода шуд.


Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат дар робита ба ин ба хабаргузории  «Озодагон» гуфт, телефони боварӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҳар нафар метавонад бе восита бо он занг зада, оиди ҳама гуна қонуншиканӣ, ҷиноятҳои вазнин аз қабили  таҳрибкорӣ, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористидошта, одамкушӣ, одамрабоӣ ва ғайра  арзу шикояти худро пешниҳод намояд, ки он бевосита ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбати ҳар як далел санҷиши воқеъбинона гузаронида шуда, қарорҳои қонунӣ қабул карда мешавад.

Оқои Асадуллоев афзуд, тайи як моҳи фаъолияти ин робитаи боэътимод бо мардум 84 арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардидааст, ки аз он 26 далелаш маълумоти шаҳрвандон оиди ҳуқуқвайронкунӣ  ва содиршавии  ҷиноятҳо мебошанд. Аз ҷумла дар бораи содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳо.

Аз ҷумла тариқи телефони боварӣ дархости шаҳрванд Шерхонов Абдулмӯъмин Аҳмадович, сокини шаҳри Кӯлоб, хабарнигори Радиои «Озодӣ» ворид гардид, ки мувофиқи иттилои ӯ гӯё моҳи майи соли 2010-ум дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи И. Сомонӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба муаассисаи рӯзномаи «Пажвог» ворид шуда, аз он ҷо диктофон, фотоаппарат ва дигар ашёҳои журналистиро ба маблағи 3000 сомонӣ дуздидаанд. Вобаста ба ин маълумоти шаҳрванд, ҷинояти мазкур ба қайд гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҳоло тафтишот идома дорад.

Тариқи телефони боварӣ инчунин шикояти шаҳрванд Мақсадов А., ворид гардид, ки гӯё шаҳрванд Мудиков Анвар аз ӯ бо роҳи фиреб маблағи 2 700 доллари амрикоиро гирифтааст. Дар вақти санҷиш далели мазкур тасдиқи худро ёфт ва аз тарафи кормандони ШКД шаҳри Турсунзода чораҳои зарурӣ андешида шуда, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бино ба қавли манбаъ, дар қатори дигар хабару муроҷиатҳо, инчунин шаҳрвандон нисбати фаъолияти баъзе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ арзу шикояти худро пешниҳод намуданд. Аз инҳо нисбати кормандони  бахши БДА 24 далел, бахши кофтукови ҷиноӣ 6 далел, нисбати кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд 5 далел, Раёсати корҳои дохилии шаҳри  Душанбе 4 далел, бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ 3 далел ва  нисбати дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ 5 далел мебошанд.

Гуфта мешавад, аз шумораи умумии хабарҳои воридгардида аллакай санҷиши  беш аз 40 далелҳо дар мӯҳлати муайянгардида  ба анҷом расида, аз натиҷаи он ба шаҳрвандон ҷавобҳои муфассал ирсол гардида, санҷиши далелҳои дигар идома дорад.

-Бо вуҷуди воридшавии баъзе аз зангҳои беасосу бардурӯғ, тамоми маълумоти воридшаванда, новобаста аз шакли ошкоро ё махфӣ, эҳтимоли дуруст ё нодуруст буданашон тавассути телефони боварӣ ба пуррагӣ мавриди санҷиш қарор дода мешавад ва шаҳрвандон метавонанд бе ягон мамоният тариқи он муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, аз нафарони дигаре, ки бо зангҳои шӯхиомез ва нодурусту ғаразноки хеш ба масрафи беҳудаи вақту қувва ва ҷалби мутахассисони варзида сабаб мегарданд, хоҳиш менамоем, то аз ин амали нодуруст худдорӣ намоянд,-афзуд манбаъ.

Телефони боварии ВКД: 221-21-21

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)