Бахшҳо

Убайдуллоев ҷараёни таъмиру барқарорсозии роҳҳои шаҳрро зери назорати шахсӣ мегирад

Дирӯз, 13-уми март дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки 2500 нафар намояндагони ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид. Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар нишаст қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамкориҳо ва саҳмгузориҳои аҳли ҷамоатчигии пойтахт дар ободониву тозакориҳои маҳалли зист изҳори сипос намуда, дар сӯҳбати хосаву ошкоро кулли ҳузорро бори дигар бо  мушаххасоти барномаҳои ободонии шаҳрдорӣ, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 тасдиқ гардида, баҳри омодагиҳо бахшида ба таҷлили 90-солагии мақоми пойтахт гирифтани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе «30 моҳи ободонӣ» эълон карда шудааст, шинос намуд. Райиси шаҳр ба масъулин дастур фармуд, ки барои ташкили рақобатпазирии корҳои омодагӣ миёни ин институтҳои шаҳрвандии шаҳр бо муқаррар намудани мукофотҳо озмун эълон карда шавад. Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи таъмири бар асари сардиҳои зимистон харобгардидаи роҳҳои ҳудуди шаҳрро тибқи барномаи шаҳрдорӣ бо сафарбарсозии маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ таъкид сохта, афзуд, ки вусъатбахшии корҳо бо инобати мусоидии боду ҳаво дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр  шурӯъ гардидаст, ки рафти корҳо зери назорати шахсии раиси шаҳр сурат мегиранд. Зикр гашт, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби мабалғҳои буҷети шаҳр барои азнавсозии 16 кӯчаҳои алоҳида беш аз 220 млн маблағҳо сафарбар гардида, бо ҷалби маблағҳои саҳмгузории субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар татбиқи “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар шаҳр” эълон шудани солҳои 2012 – 2015   ҳамчун шарики иҷтимоӣ ҳиссагузорӣ менамоянд, рӯзҳои наздик ба маблағи беш аз 15 млн. сомонӣ 92,7 км роҳҳо ё худ дар таносуби  ноҳияҳои шаҳр: Сино-37.6 км (6 млн. сомонӣ), Шоҳмансур-23,2 км (2,2 млн. сомонӣ), Фирдавсӣ-16,3 км (3,5 млн. сомонӣ) ва И. Сомонӣ- 15,6 км (3,3 млн. сомонӣ) таъмири ҷорӣ карда мешаванд.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)