Бахшҳо

Ӯзбакистон дар як шабонарӯз баробари масрафоти солонаи Тоҷикистон газ истихроҷ мекунад

Ӯзбакистон зимни ирсоли як номаи расмӣ унвонии ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, ки акнун тасмим дорад, аз 1-уми апрели соли равон интиқоли газашро ба Тоҷикистон пурра қатъ намояд.


Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҷониби Ӯзбакистон сабаби қатъи интиқоли газашро ба нокифоя будани захираҳои он дар кишвараш унвон намудааст. Вале ҶСК «Тоҷикистонгаз» хабар дод, ки феълан роҷеъ ба қатъи интиқоли гази Ӯзбакистон ҳеҷ иттилое надоранд ва дар ин дар ин бора чизе ҳам гуфта наметавонанд.

Зимнан, масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз намуданд, ки ҳаҷми истихроҷи шабонарӯзии газ дар Ӯзбакистон зиёда аз 200 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад, ки чунин ҳаҷм баробар ба интиқоли газ ба Тоҷикистон дар давоми  соли 2012 мебошад ва бинобар ин, ба иддаои ҳамсоякишвар, ки захираҳои газаш нокифоя аст, розӣ шудан душвор аст.

Манбаъ мегӯяд, воридоти газ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз аввали соли равон 41 миллион метри мукаабро ташкил намудааст: «Танҳо моҳи феврали ҳамин сол Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба миқдори 30,3 миллион метри кубӣ гази табиӣ ворид намуд, ки корхонаҳои саноатӣ, маишӣ ва аҳолӣ ба он таъмин шудаанд».

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, агар ҷониби Ӯзбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон пурра қатъ намояд, корхонаҳои ватание, ки аз гази Ӯзбакистон истифода мебаранд, ба мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)