Бахшҳо

Нахустин чархаи НБО-и “Роғун” баъд аз ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 26 март дар ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе иброз дошт.


Ӯ гуфт: “Сохтмони марҳилаи аввали неругоҳи Роғун, ки бузургтарин неругоҳи обӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, баъди ду сол анҷом хоҳад шуд”.

Аснои аз матни суханрониаш берун рафтан, президенти кишвар ба таърихи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали неругоҳи Роғун ишора кард. Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин бор аст, ки таърихи баҳрабардорӣ аз чархаи аввали неругоҳи обии Роғун дар Тоҷикистон эълом мешавад ва аз саргирии иҷрои тарҳи бунёди неругоҳи "Роғун" тайи чанд соли ахир ба ихтилофоти шадиде байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон доман задааст.

Кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон бо иҷрои ин тарҳ башиддат мухолифат карда ва гуфтааст, ки он барои арсаи кишоварзӣ ва вазъияти муҳити зисти минтақаи Осиёи Миёна паёмадҳои зиёнборе хоҳад дошт.

Аммо мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки мутолиаи мукаммали тарҳи неругоҳи Роғун дар замони шӯравӣ ва аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои муҳандисии Ӯзбакистон анҷом шуда, Тошканд дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳаводорони асосии бунёди Роғун буд.

Ба назари аксари коршиносони тоҷик, мухолифати Ӯзбакистон ба эҳдоси Роғун бештар ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро Тошканд ҳозир нест, Тоҷикистонро ба ҳайси яке аз содиркунандагони асосии барқи минтақа бинад.

Гуфтанист, сохтмони неругоҳи  Роғун соли 1976 оғоз шуда, то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 40 дар сади корҳо дар ин пружа ба маблағи беш аз 800 миллион сӯм (рубл-воҳиди пули СССР) иҷро шуда буд.

Бар асоси тарҳи мавчуд неругоҳи Роғун бо иқтидори умумии 3600 МВт ва садди 335 метрӣ, дар сол беш аз 13 млрд кв/соат барқ тавлид хоҳад кард.

Барои анҷоми комили корҳои сохтмонӣ дар ин пружа наздики 3 миллиард доллар сармогузорӣ зурур аст.

Бояд гуфт, аз соли 2008 ба  ин сӯ аз буҷаи давлати Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи Роғун наздики 500 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст.

Инчунин, дар соли 2010 давлати Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои неругоҳи Роғунро ба роҳ монд, ки то кунун сокинони кишвар ба маблағи беш аз 830 миллион сомонӣ, муодили 180 миллион доллар  саҳмияҳоро харидорӣ кардаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)