Даври аввли бозии футбол барои дарёфти «Супер Ҷоми Тоҷикистон», ки дар шаҳри Ваҳдат идома дорад, бо ҳисоби 1:0 ба фоида дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт.
Тавре хабарнигори хабаргузории Озодагон аз маҳалли баргузории футбол иттилоъ дод, Юсуф Рабиев, бозингари дастаи «Истиқлол» дар дақиқаи 35-ум тӯбро ба дарвозаи «Регар-ТадАз» ворид намуд. Гуфтанист, соли чорум аст, ки бозиҳо барои дарёфти «Супер Ҷоми Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАз» қабл аз баргузории бозӣ ба хабарнигори Озодагон гуфта буд, кисоли ҷорӣ зиёд талош доранд, то мақоми аввали мусобиқаро ба худ ихтисос бидиҳанд. Дар ду сабқати солҳои пеш «Супер Ҷоми Тоҷикистон»-ро тими «Истиқлол» ба худ ихтисос дода буд.
Мӯҳр