Имрӯз, 4-уми апрел раисони шаҳру ноҳияҳои Фархор, Данғара, Ёвон, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир,Ҷиликул, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд оид ба ҷараёни киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳо, ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва корҳои ободонию созандагӣ телефонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президентдар ин гуфтугӯ Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба тезондани суръати киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта ва сабзавот, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, таъмини кори бемонеаи пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ, хуб ба роҳ мондани маъракаи наслгирӣ аз чорво ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.
Мӯҳр