7-уми апрел дар Тоҷикистон Рӯзи беҳдошт таҷлил мешавад.
Аз Вазорати тандурустии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ба мунсибати Рӯзи ҷаҳонии сиҳатӣ баргузории сил силаи чорабиниҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар назар аст. Имсол маҳфилҳо зери унвони “Солмандӣ ва саломатӣ” баргузор хоҳанд шуд. Дар робита Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ширкати масъулини вазорат, табибон ва намояндагони созмонҳои мухталиф, ки дар соҳаи беҳдошт фаъолият доранд, нишасти хабарӣ созмон доданд.
Мӯҳр