Рӯзи гузашта сел Корхонаи коркарди нафту гази ноҳияи Балҷувонро вайрон кардааст.
Тавре Ориф Нозимов сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, бар асари боридани боронҳои пай дар пайи дирӯз, 10-уми апрели соли равон дар ноҳияи Балҷувон, сатҳи оби дарёи Сурхоб ва Оби Мазор баланд шуда тақрибан ба 20-25 манзили зисти сокинони ду деҳаи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон, деҳаҳои Куҳнабалҷувон ва Калтачанор зарари ҷиддӣ расонидааст. Инчунин омадани сел «Скаважаи №94» Корхонаи коркарди нафту гази ноҳияро пурра валангор намудааст. Ду хонаи назди соҳил, ки дар он касе зиндагӣ намекард, пурра хароб гаштааст.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки феълан бо қувваи нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании ноҳияи Балҷувон дар мавзеи дарёи Оби Мазор корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.
Мӯҳр