Баланд будани меъёрҳои андоз аз даромади фоизҳои амонатҳои шахсони воқеӣ ва фоидаи саҳмияҳои саҳмдорони ташкилотҳои қарзиро, ки айни ҳол 12%-ро ташкил медиҳад, масъулини Бонки миллии Тоҷикистон яке аз муаммоҳои андозбандии бонкҳо дар кишвар унвон намуданд.
Кибриё Уроқова, як масъули Бонки миллӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, гуногунии заминаи андозбандӣ аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ низ як муаммоест дар низоми андозбандии бонкҳо: « Ин намуди андозбанди аз бонкҳо 25% ва аз дигар шахсони ҳуқуқӣ 15 %-ро ташкил медиҳад». Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллӣ, паст будани сатҳи меъёри тарҳи қарзҳои беэътимод, ки 70%-ро ташкил медиҳад, боиси кам шудани мизони ҳавасмандии саҳҳомон мегардад.
Мӯҳр