Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Чандри Ҷавид, директори ширкати «Horizons International»-и Покистон мулоқот кард.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ҷонибҳо зимни дидор масъалаи роҳандозии ҳамкориҳоро дар самти тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, дӯзандагӣ, кӯҳканӣ, истеҳсоли маъдан, молҳои варзишӣ ва сохтумон баррасӣ намудаанд. Чандри Ҷавид гуфтааст, ширкати «Horizons International» на танҳо дар Покистон, балки дар дигар кишварҳо, аз қабили Англия Хитой ва шаҳри Дубай низ намояндагиҳои худро дорад ва минбаъд мехоҳад бо Тоҷикистон низ ҳамкорӣ намояд. Ба қавли Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бошад, рӯзҳои наздик вобаста ба ҳамкории ин ширкат бо Тоҷикистон ҳамоиш баргузор мешавад. Дар он нишаст замони дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани ширкати покистонӣ мушаххас хоҳад шуд.
Мӯҳр