Дар рӯзи аввали муҳокима додгоҳ шикояти бархе аз даъвогаронро шунида, имрӯз ба кори худ идома медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, Муҳаммадюсуф Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Аммо Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут медонад. Чанде қабл созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) низ хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буданд.
Ёдрас менамоем, Муҳаммадюсуф Исмоилов хабарнигори минтақавии нашрияи «Нури зиндагӣ» ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |