Даври сеюми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаҳои «Равшан», «Зарафшон», «Энергетик»,«Хуҷанд», «Хайр» ва «Вахш» анҷом ёфт.
Тими «Равшан» ба дарвозаи «Истиқлол» як голи беҷавоб зад (19-уми апрел). «Зарафшон» «Гвардия»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ҳарифи «Энергетик» ин навбат дастаи «Истаравшан» буд. Ин дидор 3:2 поён ёфт (21-уми апрел).
«Хуҷанд» рақибаш дастаи «Парвоз»-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Дидори «Хайр» ва «Ҳосилот» 2:1 хулоса шуд. «Вахш» ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард (22-юми апрел).
Баъди анҷоми даври сеюм тими «Хуҷанд» бо 7 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа садрнишин аст. Дастаи «Хайр» ҳам 7 хол дорад, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо дар ҷои дуюм нишастааст.
«Регар-тадАЗ» , «Вахш» ва «Равшан» 6 имтиёзӣ доранд ва мутаносибан ҷойҳои се, чор ва панҷумро ишғол мекунанд. Тими «Истиқлол» бо 4 хол дар зинаи ҳафтум аст.
«Парвоз», «Ҳосилот» ва «Гвардия» бидуни ҳеч имтиёз дар хири феҳраст нишастаанд.
Мӯҳр