Сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир шуд.
Аз РКД-и Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи 21-юми апрел Ноили Тоҳир, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи рустои Қалъачаи калони Истаравшан, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекунад, дар манзили зисташон бо амакаш Шарифҷон Файзиеви 30 сола муноқиша мекунад. Ноил бо корди хоҷагӣ 3 маротиба ба дасти чап ва қафаси синаи амакаш мезанад. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин Шарифҷон Файзиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр