Туркия хостори ширкат накардани ҳайати Исроил дар саммити кишварҳои аъзои НАТО шудааст.
Ин ҳамоиш қарор аст 20 ва 21-уми май дар Чикаго баргузор шавад. Бино ба навиштаи Hurriyet Анқара дархости як қатор аъзои Паймони Атлантикаи шимолӣ, бо шумули ИМА-ро дар мавриди бозхонди ветоаш ба даъвати исроилиҳо ба нишасти мазкур рад кардааст. Туркҳо мехоҳанд, Исроил барои куштори нӯҳ ҳамватанашон дар соли 2010 расман пузиш бихоҳад. Вазири умури хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлу аз кишварҳои аъзои НАТО, ки аз Туркия хостаанд, ба омадани ҳайати исроилиҳо монеъ нашавад, интиқод кардааст. Ба қавли вай ин давлатҳо бояд ба Исроил маслиҳат бидиҳанд, ки узр бипурсад ва ба оилаҳои қурбоншуда ҷуброн бипардозад, на ба Туркиё фишор биёранд.
То ин вақт Фаронса, ИМА ва дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен Анқараро вобаста ба мавқеаш дар масоили Исроил дар барҳам задани «арзишҳои эътилоф» муттаҳам кардаанд.
Туркия ба фарқ аз Исроил аъзои комилҳуқуқи НАТО аст. ИМА Исроилро дар минтақаи Ховари миёна шарики аслии худ унвон мекунад.
Мӯҳр