Директори генералии корхонаи ООО «САВ-строй»-и Русия омодагии худро ҷиҳати ба ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар изҳор дошт.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, масъалаи ба ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон зимни як мулоқоти масъулини намояндагии ин хадамот бо Армен Сукиасян, директори генералии корхонаи ООО «САВ-строй» баррасӣ гардид. Аз ҷониби роҳбарияти ин корхона ба намояндагии Хадамоти муҳоҷират дархост пешниҳод шудааст, ки онҳо омодаанд 70 муҳоҷири меҳнатиро ба сифати хиштчин ба кор таъмин намоянд: «Дар мадди аввал намояндагӣ тавонист дар ин корхона 15 муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор таъмин намояд»,-илова намуд манбаъ.
Мӯҳр