Бахшҳо

75 дар сади аҳолии Тоҷикистон зери хатари сироятёбии бемории вараҷа сукунат доранд.

Ҳамасола дар ҷаҳон рӯзи 25-уми апрел-рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории варҷа қайд карда мешавад.

Тоҷикистон ин рӯзро маротибаи панҷум аст, ки дар қатори дигар давлатҳои олам қайд менамояд.

Тавре Аъзам Мирзоев муовини вазири тандурустӣ зимни як ҷамъомади фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонону наврасон дар толори «Сирк»-и давлатӣ гуфт, вараҷа бемории сироятӣ буда, бештар дар натиҷаи нешзании хомӯшакҳои вараҷаовар (Анофелес) аз шахси бемор ба шахси солим мегузарад. Баландшавии ҳарорат ва ларзиши бадан, бемадорию басташавии иштиҳо, дарди сар ва устухону пайвандҳо нишонаҳои бемории вараҷа мебошанд.

Номбурда афзуд, ки ин беморӣ бештар ба иқтисодиёти давлатҳои Африқо хисороти зиёд ворид намуда  дар давлатҳои Осиё , Амрикои Лотинӣ, Шарқи наздик ва ҳатто дар як қисми Аврупо низ мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. 75 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатари сироятёбии бемории вараҷа сукунат доранд. Дар даҳсолаи охир аз сабаби тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ ва иқтисодиёт дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати эпидемикии бемории вараҷа номусоид гардид. Омилҳои асосии паҳншавии вараҷа дар Тоҷикистон, ин саршавии муҳоҷират ва интиқол намудани сироят аз ҷумҳурии исломии Афғонистон будааст. Дар Тоҷикистон солҳои 1995-1997 ба қайдгирии ин беморӣ якбора авҷ гирифта хатари паҳншавии он дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он зиёд гардид, афзуд Аъзам Мирзоев.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур, ки пеш аз ҳама миёни наврасон гузаронида мешавад, бо кӯшиши Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ  бо ҳунармандони «Сирк»-и давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)