Бахшҳо

Иззат Амон: Муҳоҷирон бо айби масъулини сафорат ва консулгарӣ ҳуҷҷати 200 рублиро бо 2000 рубл мегиранд

Мардуми мо дар муҳоҷират ранҷи зиёде мекашанд.

Мо борҳо пешниҳодҳоямонро барои ҳалли масоили муҳоҷират ва ё беҳтар намудани аҳволи будубоши муҳоҷирон ироа кардем, вале дидем, ки ҳукумат ва махсусан намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба ин пешниҳодҳо бетаваҷҷӯҳанд. Ин нуктаро Иззат Амон, роҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия зимни мусоҳибаи ихтисосие бо Озодагон баён дошт.

Номбурда дар ин робита ҳамчунин афзуд: «Дар ҳақиқат вақтҳои ахир масоили муҳоҷират бештар тобиши сиёсӣ гирифта, то иҷтимоӣ. Бовар кунед, агар қарори сиёсии роҳбарияти кишвар барои ҳалли ин мушкил набошад, ҳеч кореро ба сомон расонида наметавонем. Пеш аз ҳама барои ҳалли мушкили муҳоҷирон бояд аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия шурӯъ кард. Зеро масхарабозие, ки дар ин ду идора нисбати муҳоҷирон сурат мегирад, дар идораҳои пулис нисбати онҳо дида намешавад. Бетафовутии масъулини сафорат ва консулгарии Тоҷикистон нисбат ба мушкилоти муҳоҷирон дар Русия қатъан ҳар касеро хашмгин мекунад.

Тасаввур кунед, ҳамарӯза 700-800 муҳоҷир барои гирифтани ҳуҷҷат пушти дари консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ мешавад. Масъулин ба ҷои дилбардорӣ ва ҳал кардани мушкил, ба онҳо дод зада, бо хушунат рафтор менамоянд. Вақте муҳоҷирон чунин муносибатро мебинанд, маҷбур мешаванд ба миёнаравҳое, ки нафарони худи масъулини консулагариянд, муроҷиат кунанд. Дар натиҷа як ҳуҷҷати 200 рублиро ба 2000 рубл дастрас мекунанд. Ин мушкил нест магар? Оё мо қаблан садҳо маротиба оид ба ин мушкил нагуфтем?

Маълум аст, ки аксари мушкили муҳоҷирон аз бепулист. Мо ба ҳукумат пешниҳод мекунем, ки дар ин кишвар як бонке бо номи бонки муҳоҷир бунёд кунад, то муҳоҷирон имкони гирифтани қарзҳои боимтиёзу камфоизро дошта бошанд. Ин пешниҳодро қаблан ҳам дода будем. Дигар пешниҳоди мо таъсиси як маркази фарҳангист, то муҳоҷирон тавонанд дар онҷо гирди ҳам омада аз мушкилоташон сӯҳбат кунанд. Ҳарчанд акнун як маркази фарҳангӣ дар назди сафорат дорем, аммо ин марказро ба тарабхона табдил додаанду маҳалле шудааст барои шаробхуриву рақсу бозӣ. Албатта, пешниҳодҳо зиёданд, аммо бовар дорам, ки дар Тоҷикистон гушҳои шунавое барои шунидани дарди муҳоҷирони хонабадуш надорем».

Посухҳои дигари Иззат Амонро зери ин суроға пайдо мекунед:     https://www.ozodagon.com/sr/item/16391

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)