Имрӯз, 4-уми май Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳайати парлумони Аврупо таҳти раёсати Паоло Бартолотсиро, ки барои иштирок дар ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкории парлумонии МН МО-и Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии МН ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин вохӯрӣ таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва парлумони Аврупо зоҳир шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки бори нахуст аст, ки як ҳайати бонуфузи парлумони Аврупо дар МН МО тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима менамояд.
Ҷаноби Зуҳуров сатҳи муносиботи байни Маҷлиси намояндагон ва парлумони Аврупоро дар маҷмӯъ нек арзёбӣ намуда, ҳамчунин ба тақвияти ин муносибот дар бахшҳои гуногун таъкид кард. Зикр шуд, ки Тоҷикистон омодаи густариши равобит бо парлумони Аврупо дар ҳамаи заминаҳо мебошад ва боздиди имрӯзаи ҳайати парлумони Аврупо аз Тоҷикистон шароити мусоидро барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо фароҳам овардааст.
«Мо медонем, ки парлумони Аврупо ҳамчун ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад»- гуфт раиси Маҷлиси намояндагон. Раиси ҳайати парлумони Аврупо Паоло Бартолотси низ дар навбати худ изҳори умедворӣ кард, ки масъалаҳои дар ҷараёни ин боздид баррасишаванда ҳалли мусбат ва ниҳоии худро хоҳанд ёфт. «Парлумони Аврупо Тоҷикистонро дар минтақа шарики боэътимоди худ медонад ва дар заминаи масъалањои минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард»,-афзуд манбаъ.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳои МН МО ва парлумони Аврупо дар заминаҳои мубориза бо ҳамаи падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм, қочоқи инсон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима шуданд.
Мӯҳр