Бар асари боронҳои зиёд, ки селро дар пай дошт, масҷид ва се манзили зисти деҳаи «Сармисолиқ»-и ҷамоати деҳоти «Нофароҷ»-и ноҳияи Истаравшан зарар дид.
Аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳамчунин сел 4 хоҷагии ёрирасонро пурра вайрон кардааст. «2 гектар боғи навбунёд, 40 га замини навкорам ва 300 бех дарахти сафедор зарар дида, 4 сар чорвои калони шохдор ҳам талаф ёфтааст»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар афзуд, феълан масъулини ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳия, дар маҳали ҳодиса барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фаъолият доранд.
Мӯҳр