Ба муносибати 67-умин солгарди Иди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ дар майдони «Ғалаба»-и пойтахт маросими гулгузорӣ ва гузашти ҳарбӣ доир мешавад.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ ба хабаргузории Озодагон гуфт, дар чорабинии мазкур, сарфармондеҳи қувваҳои олии мусаллаҳ, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, масъулини ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ, намояндагони низомӣ ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат хоҳанд кард.
Тибқи нақшаи чорабинӣ ба хотири пос доштани хотираи неки собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ дар назди лавҳа ва гулхани абадӣ гулчамбарҳо гузошта мешавад. Баъди анҷоми тантанаи гулгузорӣ расми гузашти ҳарбии афсарону сарбозони як қисми ҳайати шахсии гарнизони Душанбе баргузор мешавад. Дар ин гузашт наздики 2000 хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Академия Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои қудратӣ, ки дар ҳудуди гарнизони шаҳри Душанб қарор доранд, ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр