Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон (МН МО), ки имрӯз 8-уми май таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумон баргузор гардид, лоиҳаи қонун «Дар бораи осорхона ва Фонди осорхонаҳо» баррасӣ гардид.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии МН МО ба Озодагон гуфт, ки аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова баромад намуда, иброз дошт, ки дар баробари инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа арзишҳои наве ба вуҷуд меоянд, ки таҷдиди назар намудани онҳоро тақозо менамояд. Аз ин раванд фарҳанг, ки фаъолияти осорхонаҳо ҷузъи таркибии он мебошад, истисно набуда, зарурияти танзими ҳуқуқии муносибатҳои соҳаро пеш меорад.
Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани номувофиқатӣ ва мухолифати байни меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонун «Дар бораи фарҳанг» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, инчунин мутобиқати дохилии қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мӯҳр