Бахшҳо

Офати табиӣ ба ҷануби кишвар хисороти ҳангуфт мерасонад

Дар натиҷаи боронҳои пай дар пайи рӯзҳои 10-11-уми моҳи ҷорӣ як қатор шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ зарар дидааст.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба хабаргузории Озодагон гуфтанд, ки дар шаҳри Кӯлоб ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба 124 манзили маскунӣ (деҳаи Сангпар - 44  ва Офтоблиқо - 80 хона) обу лоиқа даромадааст. Инчунин дар ҷамоати деҳоти Даҳана, рустои Ёхсучиён  иншоотҳои ёрирасони 2 шаҳрванд зарар дидааст.

Дар деҳаи Гарабдараи ноҳияи Муъминобод сел пули асосии маҳалларо корношоям гардонида ба 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар расондааст. Дар ҳудуди деҳоти Туто ба масофаи 600 метр роҳи байни деҳа хароб шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Кулчашма сойи Алот, Чаргӣ, Личак, Геш маҷрои худро дигар намуда ба даруни деҳаҳои Кулчашма, Ғофилобод, Гулистон, Деҳлоло ҷорӣ шудааст, ки дар натиҷа манзили зисти 20 нафар ва қитъаҳои назди ҳавлигиашон пур аз лойқа ва сангу шағал гардидааст.

Рузи гузашта (11 май) соати 18:00 дар натиҷаи борони пуршиддат ва омадани сел ба 6 хонаи истиқоматии шаҳрвандони деҳаи Оқ - олтини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Қумсангир обу лоиқа даромадааст.  Соати 11:00-и ҳамон рӯз дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин, маҳалаи Қибили шаҳри Норак фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд, ки дарозиаш 100 метр, баландиаш 7,8 метр, бараш  30 метрро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳодиса роҳи мошингарди байни деҳаи Қибил бо шоҳроҳи Данғара баста шудааст. Айни ҳол рафту омади аҳолӣ аз роҳи эҳтиётӣ ҷараён дорад.

«Ҷиҳати бартараф намудани оқибати офати табиӣ хадамотҳои мудофиаи шаҳрвандии дахлдори шаҳру навоҳии осебдида сафарбар шудаанд»,-афзуд манбаъ.

 

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)