Автомашинаи «Дулон» ба дарёи «Панҷ» сарозер шуда, ронада ва мусофир беному нишон гаштаанд.
Тавре аз дафтари матбуоти ВКД ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулон» рақами давлатиаш «В 09-84 РТ/04» Шоҳмурод Давлатқадамови 40 сола, сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ дар ноҳияи Дарвоз аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаааст ва дар натиҷа автомашина аз баландии 50-метр ба дарёи «Панҷ» сарозер гаштааст. Худи ронанда Шоҳмурод Давлатқадамов ва мусофири ӯ Гулбоз Шоҳзуҳурови 28 сола, сокини деҳаи Ривакии ноҳияи Шуғнон ба дарё ғарқ шуданд.
Сарчашмаи хабар афзуд, ки феълан барои дарёфт намудани ғарқшудагон чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Мӯҳр