Бахшҳо

Убайдуллоев ба муовинаш охирин ҷазоро муқаррар кард

Имрӯз, 21-уми май дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳолати роҳҳои автомобилгарди шаҳрӣ баргузор гардид.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори пойтахт ба Озодагон гуфт, ки дар кори ҷаласа роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилӣ, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, прокуратураи шаҳри Душанбе дар радифи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои воситаҳои нақлиёти хусусии хизматрасони ҷамъиятӣ, корхонаҳои марбутаи коммуналии шаҳр, комиссияҳои ҷамъиятии назоратбаранда аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ва фармоишгарону пудратчиёни ба таъмири роҳҳои шаҳр масъул ширкат варзиданд.

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти супоришҳои дар ҷаласаи 7-уми майи соли ҷорӣ оид ба беҳбудбахшии вазъи хизматрасонии нақлиёти  ҷамъиятӣ, риояи хатсайру меъёрҳои техникӣ дар воситаҳои хизматрасон ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва  шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии  Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ироагардида, аз рафти корҳои ислоҳӣ натиҷагирӣ намуда, бо нигаронӣ аз ҳолати ҷойдошта ба масъулин мӯҳлатҳои ниҳоӣ муқаррар кард.

Дар зимн кори комиссияҳои ҷамъиятии дар асоси Қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи мустақил созмонёфтаро оид ба пешбурди назорати ҷамъиятӣ аз фаъолияти хатсайрҳои мусофиркашонӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал овард, ки дар радифи фаъолияти субъектҳои хизматрасони нақлиётӣ кори комиссияҳои мазкурро низ маврид санҷиш қарор диҳад.

Бо муқаррар намудани охирин ҷазо ба муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва директори КВДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Бобоев ба масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур фармуд, ки тибқи муқаррароти Қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе фаъолияти терминалҳои беруназшаҳриро барои пешгирӣ аз худсарона воридшавии нақлиёти байнишаҳрӣ ба ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор дода шавад.

 

Бо дахли масоили таъмири роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида ва сифати корҳои таъмирӣ аз тӯлкашии корҳо аз ҷониби бархе аз пудратчиён изҳори нигаронӣ намуда, қатъиян супориш дод, ки корҳои боқимондаро  бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

 

«Дар робита ба ин аз прокуратураи шаҳр хоҳиш кард, ки назорати прокурориро вобаста ба сифати корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо пурзӯр намуда, комиссияи марбутаи депутатӣ дар ин самт корҳои таъмирӣ ва азнавсозии роҳҳои дар тӯли 10 сол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиён аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ анҷомгирифтаро  аз нигоҳи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ, сифат ва мӯҳлати истифодабарӣ санҷиш намуда, унвонии раиси шаҳр маълумот пешниҳод намояд»,-афзуд манбаъ.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)