ВКД ва мақомоти омори Русия аз васоити ахбори омма, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар тақозо кардаанд, то дар мавриди инъикоси вазъи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирин аз оморӣ расмиву дақиқ кор бигиранд.
Ин тасмими мақомот барои барҳам задани ҳангомаҳо оид ба зиёд будани ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирин, ки ба зиддиятҳои қавмиву мазҳабӣ ва нажодӣ дар ин кишвар боис шуда метавонанд, равона будааст. Муҳоҷирини Русия ҳамагӣ наздики 2 фоизи ҷинояткориро дар ин кишвар содир мекардаанд. Бино ба маълумоти ВКД-и Русия дар соли 2011 муҳоҷирин аз кишварҳои пасошуравӣ ҳамагӣ 1,7 дарсади ҷиноятҳоро дар қаламрави ин кишвар содир кардаанд. Сомонаи расмии ин ниҳод менависад, ки аз теъдоди беш аз 2 миллиону 400 ҳазор ҷинояти дар соли 2011 содиршуда ҳамагӣ 40,5 ҳазори он ба муҳоҷирини кишварҳои узви ИДМ рост меояд.
На зиёдтар аз 2% и ҷиноятҳои дар Русия содиршавандаро муҳоҷирин содир кардаанд. Дар минтақаҳои анбӯҳи муҳоҷирин сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби миёнаи кишвар ҳам паст буда, ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирин нисбат ба мардуми маҳаллӣ 3 баробар кам мебошад, менависад сомонаи расмии ВКД-и Русия.
Тибқи иттилоъи расмӣ дар 9 соли охир дар Русия бо ҳисоби умумӣ ҳамагӣ 1, 9 дар сади ҷиноятҳоро муҳоҷирин содир кардаанду халос.
Мӯҳр