Ройтерз зимни эъломи ин ки содироти нафтии Эрон дар моҳи май босубот аст, эътироф кард, ки ваъдаҳои марбут ба коҳиши хариди нафт аз Эрон амалӣ нашуда аст.
Бино ба иттилои хабаргузории Ройтерз харидорони аврупоӣ ва осиёии нафти Эрон бо идомаи хариди нафт аз ин кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ, боис шудаанд ки содироти нафти ин кишвар аз субот бархурдор бошад.
Бино ба хабари манбаъ дар моҳи апрел содироти нафти Эрон коҳиш ёфта буд, акнун ин содирот дар ҳадди 1,5 миллион бушка дар рӯз собит монда ва дар моҳи май шоҳиди ҳеч коҳише набудааст. Як манбаи огоҳ дар як ширкати нафтии муҳимми Аврупо мегӯяд, ки тағйироти чандоне дар моҳи равон дар содироти нафти Эрон мушоҳида нашуда аст.
Ройтерз адади содироти нафти Эрон дар соли гузаштаро байни 2 то 2.2 миллион бушка дар рӯз зикр карда ва ҷамъи тавлиди нафти Эронро бо дар назар гирифтани истифодаи дохилӣ байни 3.5 то 3.6 миллион бушка дар рӯз медонад. Ин хабаргузорӣ таъкид кард адами коҳиши содироти нафти Эрон нишон медиҳад, ки кишварҳое ки ваъдаи коҳиши воридоти нафт аз Эрон дода буданд, то кунун ба ин ваъда амал накардаанд.
Мӯҳр