Бахшҳо

«Метро» се моҳ пас қисми тоҷикии роҳи оҳани Кошғар - Ҳиротро асоснок мекунад

Асоснокии техникию иқтисодии қисми тоҷикистонии роҳи оҳани Кошғар - Ҳирот, ки Тоҷикистонро бо Чину Қирғизистон аз як тараф ва Афғонистону Эрон аз тарафи дигар мепайвандад, се моҳ пас таҳия хоҳад шуд.

Тавофуқ дар ин маврид зимни вохурии вазирони нақлиёти Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон ба даст омадааст. Асоснокиро ширкати эронии «Метро» бо 1 миллион доллари бебозгашт ҷудонамудаи Эрон таҳия мекунад.
Масофаи қисмати тоҷикии роҳи оҳани Эрон- Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Чин 392 киллометрро ташкил дода, қисмати мушкилаш аз Ваҳдат то Қарамиқ - сарҳади Қирғизистон маҳсуб меёбад, ки 270 килллометр дарозӣ дорад. Бо назардошти мавқеи географӣ,  арзиши сохтмони як километр роҳ дар ин қисмат аз 8 то 10 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар ин қисмат сохтмони 16 киллометр нақб ва 47 пул дар назар аст.  
Дар ҳоли ҳозир арзиши сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳан наздики 4 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад. Дар маҷмӯъ ин роҳи байналмилалӣ 2 ҳазор километр дарозӣ дошта, барои кишварҳои пайвастшаванда - Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистону Чин аҳамияти бузурги геополитикӣ ва стратегӣ дорад.
Сохтмони роҳи мазкур вобастагии Тоҷикистонро дар масъалаи роҳи оҳан аз ҳамсояҳои  ғарбӣ - Ӯзбекистону Русия ва дигарҳо коста карда, ба қисмати ҷануби Осиё ва уқёнуси ҷаҳонӣ роҳ мекушояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)