Бо мақсади ба ҷо овардани анъанаҳои суннатии миллӣ бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд маросими арусии як ҷуфт ва хатнатӯйи 15 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманди шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки маросими мазкур бо ташаббуси сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоят доир шуд.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати пешбурди зиндагонии оилаҳои ҷавон, арӯс аз ҷониби сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардида, барои тӯйшавандагон ва оилаи навбунёд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аробачаи бачагона, сару либос, сабти пурраи тӯй, расмҳои хотиравӣ ва барои арӯсу домод ловозимоти рӯзғордорӣ тақдим шуд.
Мӯҳр