Имрӯз, 4-уми июн мулоқоти масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо хонум Каврук Олга, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд: «Ҳамчунин дар нишаст ректори донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва донишҷуён низ ширкат намуданд. Дохил шудан, идома додан ва такмили ихтисос дар донишгоҳҳои Беларус ва кору фаъолияти донишҷӯёни Беларус дар Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои аслии мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо буд».
Абдулло Қодирӣ афзуд, созишномае, ки қаблан дар масъалаи муҳоҷират миёни тарафҳо ба имзо расида буд, аз ҷониби Тоҷикистон тасидиқи худро ёфт ва аз сӯи Беларус бошад, то ҳол тасдиқ нашуда, дар ҳоли омӯзишу баррасӣ қарор дорад.
Мӯҳр