Теъдоди қурбониёни таркиши имрӯза дар шаҳри Бағдоди Ироқ ба 20 расидааст. Наздики 60 каси дигар захм бардоштаанд.
Ба иттилои расонаҳо инфиҷор дар бинои Фонди мазҳабии шиаҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Ин фонд давлатӣ буда, ба ҳифзи муқадасоти ислом машғул мебошад. Масъулияти таркишро касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо пулис дар ин амал мухолифони сунимазҳабро гумонбар медонад.
Мӯҳр