Бахшҳо
06 июн 2012 11:39Хабарҳои ҷаҳон

Қатар барои моҳи Рамазон гӯшт захира мекунад

Кишвари Қатар дар остонаи моҳи шарифи Рамазон аз Туркиёву Арманистон гусфанд харидорӣ мекунад. Ин амали ширкатҳои гӯштфурӯшии Қатар ба хотири таъмини эҳтиёҷоти мусулмонон дар ин моҳи шариф будааст.

Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои арабӣ танҳо ширкати Mawashi аз Арманистон беш аз 1000 сар ва аз Туркиё беш аз 200 000 сар гусфанд харидорӣ карданист. Аҳмад Носир Сари ал Каабӣ, сарвари ин ширкат гуфтааст ба ғайри чорвои зинда аз ин кишварҳо гӯштӣ яхкардашуда низ харидорӣ хоҳад шуд, то эҳтиёҷоти мардум дар Рамазон пурра таъмин карда шавад.
Гуфта мешавад, ҳамасола  дар моҳи Рамазон талаботи мардуми ин кишвар ба гӯшти гӯсфанд баш аз 35 дар сад боло мерафтааст.
Панҷ нафар сарҳадбонони озарӣ дар пайи як амалиёти диверсионӣ дар сарҳад бо Арманистон кушта шудаанд. Дар ин бора Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад задухӯрд миёни сарҳадбонон дар минтақаи сарҳадии деҳаи Ашаги Аскипара (Аскипараи поён) - и ноҳияи Қазоқи Озорбойҷон сурат гирифтааст.
- Ҳангоми вайрон кардани хати сарҳад миёни сарҳадбонон ва вайронкунандагони сарҳад задухӯрд сурат гирифта, дар натиҷа 4 нафар кушта ва 1 нафари дигар сахт яррадор шуда, дертар вафот кард. Аммо кӯшиши гузаштан аз хати марз боздошта шуд. Аз сӯи марзшиканон низ ярадоршудагон ҳастанд,  - омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Озорбойҷон.
Ҳамчунин Вазорати дифоъ насаби кушташудагонро низ дар ихтиёри хабаргузориҳо гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти дифоии Арманистон ахбори хилофи инро пахш кардаанд. Бино ба маълумоти мақомоти Арманистон шоми 54 уми июн як гурӯҳи 15-20 нафарӣ хати марзро ғайриқонунӣ убур карда, мехостаанд вориди хоки Арманистон шаванд. Миёни сарҳадбонон дар ҳудуди деҳаи Воскепари ноҳияи Тавуш ин кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ боздошта шуда, бар асари ин 5 нафар сарҳадшиканон кушта шудаанд.  
- Ба баъзе аз аъзои ин гурӯҳи диверсионӣ муяссар гардид, ки фирор намоянд ва ҷасади ҳамроҳонашонро бо худ бубаранд. Аз сӯи мо талафот ва ярадорон нестанд, - изҳор кардаанд дар Вазорати дифои Арманистон.
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Ашаги Аскипара бар асари  муқовиматҳо дар низоъҳои Қарабоғи кӯҳӣ ба ихтиёри Арманистон гузашта буданд. Аммо ин деҳа аз сӯи Арманистон ҳамчун ҳудуди вилояти Тавуш ва аз сӯи Озорбойҷон ҳамчун ҳудуди ноҳияи Қазоқи ин кишвар шинохта мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)