«Дастури методӣ оид ба таҳия ва тадбиқи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот». Таҳти чунин унвон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ мизи мудаввар баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, ҳадаф аз гузаронидани ин нишаст, ба инобат гирифтани фикру андешаҳо, пешниҳод ва хулосаҳои тарафҳои манфиатдор ҷиҳати мукаммал намудани дастури методӣ мебошад. «Қабули чунин дастур имконият медиҳад, ки низоми идоракунии сатҳи маҳал беҳтар гардида, раванди банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ мукаммал карда шавад»,-афзуд манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашмаи хабар дастури методии муҳокимашаванда барои мутахассисони мақомоти сатҳи маҳаллӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани банақшагирӣ ва буҷетикунонии раванди рушд дар маҳал ҳамчун роҳнамои ягона кӯмак мерасонад. Тибқи натиҷагириҳои чорабинии мазкур, дастурамали номбурда такмил ёфта, барои тасдиқ ба ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар доираи мизи мудаввар масъалаи раванди ҷории банақшагирӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва нақшаҳои оянда муҳокима гардидааст. Бояд зикр намоем, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БР СММ ҳамкориҳои муштараки худро оид ба дастгирии банақшагирии рушд аз соли 2005 шурӯъ намудаанд, ки он фаъолиятро оид ба муколамаи бахшҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳравандӣ ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани иқтидор, арзёбӣ ва тадбиқи нақша ва барномаҳои маҳаллии рушдро фаро мегирифт.
Манбаъ мегӯяд, дар ин раванд зиёда аз 32 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 65 мақомоти худидораи шаҳраку деҳот фаъолона иштирок варзиданд. Мувофиқи натиҷагириҳо ва дар асоси иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандию бахши хусусӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд модели ягонаи банақшагирии рушди маҳаллӣ ҳамчун дастурамал таҳия гардидааст.
Мӯҳр