Деннис Косгров, мушовири калони шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL) оиди ҳифзи тартиботи ҳуқуқи сафорати ИМА ва Вайсиддин Азаматов, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба мизи мудаввар, ки барои намояндагони марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва аъзои матбуот баргузор гардид, ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.
«Мизи мудаввар дар саридораи Агентӣ дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома кард. Он ба кормандони матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мулоқот кардан бо ҳамкорон аз васоити ахбор ва баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба пахши ахбори таъҷилӣ, баргузор намудани нишасти матбуотӣ, фаъолият дар шароити бӯҳронӣ, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои беназирро фароҳам овард. Мизи мудаввар инчунин барои иштирокчиёни давраи омӯзишии «Робитаи ҷомеа ба васоити ахбори омма», ки соли гузашта аз ҷониби Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорат ташкил гардида, намояндагони Идораи робита бо ҷомеаи дафтари федералии тафтишотӣ (ДФТ) онро баргузор намуданд, ҳамчун курси такмилдиҳӣ ба ҳисоб рафт»,-омадааст дар варақаи иттилоотии сафорати Амрико дар Душанбе.
Дар иттилоияи ҳамчунин гуфта мешавад, ки чорабини мазкур ба сафари дуҳафтаинаи ёвари махсуси муовини директори Идораи робита бо ҷомеаи дафтари федералии тафтишот, ки ба Агении назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ворид шуд ва бо маркази матбуотии он зич ҳамкорӣ намуд, хотима бахшид. Бо мақсади мусоидат намудан ба маркази матбуотии Агентӣ дар бораи воқиф гардонидани ҷомеа оид ба фаъолият ва дастовардҳо, шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорат дар таърихи якуми июни соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 13 солагии Агентӣ таҷҳизоти корӣ супорид.
Мӯҳр