Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бахабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки сӯбҳи имрӯз, соати 05:30 дар натиҷаи боришоти борони пуршиддат ва омадани сел сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, пули деҳаи Сари сафедхоки ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзободро ба пуррагӣ хароб кардааст. Ҳамчунин, як купруки дигар дар деҳаи Ҷоварсузи ҷамоати деҳоти Файзободи ноҳия қисман вайрон шудааст.
Номбурда илова намуд, ки 7-уми июни соли 2012 соати 23:00 то 24:00 дар натиҷаи боридани борони пуршиддат, дар деҳаҳои санги Маликӣ - Поҷе, Бинни Суфиёни ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодда ва деҳаи Муллобароти ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт, сел омада, ба роҳҳои байнидеҳавӣ ва як қатор биноҳои ёрирасони манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони деҳоти номбурда зарар расонидааст: «Худи ҳамон рӯз аз соати 23:30 то 24:00 дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел, дар деҳаи Шавриқиём ва деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Нушор, ҳамчунин деҳаи Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод заминҳои кишт, роҳҳои байнидеҳавӣ ва як қатор биноҳои ёрирасон хисорот дидаанд».
Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳои осебдида дар ҷойи ҳодиса фаъолият мебаранд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Мӯҳр